Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Алии Боқирӣ, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба манзури баргузории нахустин нишасти кумитаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни ду кишвар, ба Душанбе сафар кардааст, дидор кард. Бинобар иттилоияи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар ин дидор бо ишора ба азми ҷиддии сарони ду кишвар бар тақвияти ҳарчӣ бештари равобит миёни Тоҷикистону Эрон, заминаҳои тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор дода шуд. Ҳамчунин дар мавриди таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъияти ҷории Ғазза ва ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин авзои Афғонистон гуфтугӯ ва табодули назар анҷом шуд.
342/